Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ шаҳри Бохтар, Норак ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон натавонистанд, ки нақшаи андозро ба пуррагӣ иҷро кунанд. Аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят беш аз 12 миллион сомонӣ ворид нагардид.
Бино ба иттилои Раёсати андози вилояти Хатлон шаҳри Бохтар нақшаи андозро 1,6 миллион сомонӣ, Норак 7 миллиону 775 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 2,8 миллион сомонӣ иҷро накардаанд.
Аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғарибуҷетӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз 1 миллиарду 530 миллион сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 77 миллиону 634 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар зинаи аввали иҷроиши қисми даромади беҷет шаҳру ноҳияҳои Левакант, Темурмалик, Шоҳин, Ховалинг, Ёвон ва Кӯлоб мебошанд.