Соли 2020-ум 41 нафар корманди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон даст ба амалҳои коррупсионӣ задаанд.

Сардори Раёсати тандурсти вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзоалӣ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 41 нафар корманди соҳаи тандурустии вилоят барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ дастгир шудаанд.

Ӯ гуфт, ин шумора шояд зиёд бошад, аммо ҳамин қадар маълумот дастрас аст. Аз ин кормандоне, ки даст ба амали ғайриқонунӣ задаанд, қисме аз кор ронда шудаанду қисми дигар духтурон будан, ки бо сабаби нарасидани табиб онҳо ҷарима ва муҷозот шудаву дубора ба корашон баргаштанд.

Ҳамчунин, ин шахси масъул афзуд, ки соли гузашта дар вилояти Хатлон 18 нафар зан ҳангоми таваллуди фарзанд фавтиданд, ки ин шумора нисбат ба соли пешин 3 ҳолат кам аст. Фавти модарон бештар дар шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Данғара,   Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ ба қайд гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь