Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 16 ҳазору 179 кас муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 14 ҳазору 831 ҳамчун бекор ба қайди гирифта шуда, ба 7 ҳазору 8 ҳазору 845 нафарашон мақоми бекорӣ дода шудааст.
Аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд, ки дар ин давра 9 ҳазору 796 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки аз онҳо 4 ҳазору 882 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, 984 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 234 нафар ба корҳои фардӣ ҷалб карда шуданд, гуфтанд аз ниҳоди мазкур.
Итилоъ дода шуд, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 372 нафар, аз ҷумла 1 ҳазору 741 зан ба касбомузӣ ҷалб карда шуданд.
Дар ин мудат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 212 намоиши ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда шудаст, ки дар онҳо 2198 корхонаву ташкилот 3226 ҷойи кори холӣ пешниҳод кардаанд. Дар вақти баргузории ин намоишҳо ба 3410 нафар роҳхат ба ҷойи кор дода шуда, 2461 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Ҳамчунин 3456 нафар ба шуғл фаро гирифта шуданд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки ҳоло 2 ҳазору 722 ҷойҳои кории холӣ дар назди шуъбаву баъшҳои Раёсат мавҷуд аст, ки хоҳишмандон метавонанд муроҷиат карда, соҳиби ҷойи кор шаванд.
Қайд гардид, ки дар панҷ моҳи соли 2023-ум ба 1818 нафар ба маблағи 1 миллиону 319 ҳазору 227 сомонӣ кумакпулӣ дода шудаст.