Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 14 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷаи онҳо 7 кас ҷон дода, 10 каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Сардори Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Ҳамза Бобозода иттилоъ дод, ки ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Қубодиён , Фархор, Данғара ва шаҳри Кӯлоб рӯх додааст. Ба гуфти ӯ, дар ин ҳодисаҳо 7 нафар ҷон дода, 10 каси дигар захмӣ шудаанд.
– Аз тарафи корфармоён ба оилаҳои афроди фавтида ва маҷруҳшуда аз 242 ҳазор сомонӣ боло кумак ва ё ҷуброн дода шудааст, – илова кард Ҳамза Бобозода.
Блоки рекламавӣ