Соли 2024-ум аз ҷониби соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 89 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Раиси вилоят гуфт, ки шумораи умумии умумии корхонаҳо дар вилоят ба 874 адад расид, ки ин нисбат ба соли гузашта 53 адад зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12,5 млрд сомонӣ расида, нисбат ба соли 2023-ум 903,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Блоки рекламавӣ