Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ҳудуди вилояти Хатлон ҳамагӣ 285 ҳолати фавқулодаи дорои хусусиятҳои гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷа 73 нафар ба ҳалокат расида 140 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни чисмонӣ бардоштаанд.

Дар ин бора Ализода Миралӣ, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарии ниҳодашон иттилоъ дода гуфт, маблағи умумии зарар 27-миллиону 786 ҳазору 211 сомониро ташкил медиҳад.

Қайд гарид, ки ин шумора дар нимсолаи аввали соли 2023-юм 233 ҳолат буда, маблағи умумии зарар 4 миллиону 19 ҳазору 438 сомонӣ, дар натиҷа 52 нафар ба ҳалокат расида, 76 кас ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиидошта дар ин давра 9 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки бо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят маблағи умумии зарар 27 миллиону 251 ҳазору 885 сомониро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли 2023-юм 2 ҳолат буда, маблаги умумии зарар 2-миллиону 452 ҳазору 399 сомонӣ, дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расида буд, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь