Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҳодисаҳои нохуши истеҳсолот 4 кас ҷон дода, се каси дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Ҳамза Бобозода ба «Фараж» иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 5 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 3 кас ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 4 каси дигар фавтидаанд.
Ба гуфти ӯ, дар натиҷаи хулосаи кормандон ба маблағи 255 ҳазору 676 сомонӣ ҷуброни яквақта ва кумакпулӣ таъйин карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин дар давраи ҳисоботии соли 2023 барои ислоҳи қонунвайронкунҳои ошкоргардида 237 амрнома дода шуданд, ки ба самти назорати ҳифзи меҳнат, бехатарии меҳнат, ташхиси шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тааллуқ доранд. Дар баробари ин, барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар давоми соли ҷорӣ ба 59 корфармо дар ҳаҷми 85000 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.