Дар вилояти Хатлон ҳоло 293 ҳазору 520 нафар бознишаста (нафақагир) ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нисбати аввали сол 13 ҳазору 388 нафар зиёд мебошад. Талаботи моҳонаи бознишастагон 137,8 миллион сомонӣ аст.

Сардори Раёсати Агентии суғуратаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода ба “Фараж” хабар дод, ки аз ин шумора 59 ҳазору 839 нафарашон бознишастагони маъюби гуруҳои 1,2, 3 мебошанд. Гуфта шуд, ки андозаи  миёнаи нафақа дар вилоят 469, сомониву 62 дирам мебошад.

Ҳоло дар вилояти Хатлон  95 бознишастагони аз 100 то 120-сола ҳастанд, ки куҳансолтарини онҳо Басвимо Тураева, зодаи ҷамоати деҳоти Лоҳутии  ноҳияи Ховалинг, 120 сол дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар вилоят 11 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва 21 иштирокчии ақбигоҳ умр ба сар мебаранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь