Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо рафти корҳои сохтмонии коргоҳҳои саноатии шаҳри Бохтар  раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти сохтмон ва  насби Корхонаи нави истеҳсолии гӯгирд дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар  дидан кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилоят коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Марҳамат Давронова дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегардад. Фаъолияти корхона дар як баст ба роҳ монда шуда, 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Дар корхона ду хати муосиртарини технологӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст. Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Тибқи нақша истеҳсоли гӯгирд аз 300 қуттии калон дар як шабонарӯз аст. Иқтидори солонаи корхона 110 ҳазор дона қуттии калон буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд мебошад. Барои истеҳсоли гӯгирд ашёи хом аз Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ ворид мегардад.

Гуфта мешавад, ки ин аввалин корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст, ки ба истеҳсоли гӯгирд шуруъ мекунад. Корхона дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ дода бо таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти гӯгирдро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ мемонад. Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳҳои мумфарш, хатҳои интиқоли қувваи барқ, шабакаи обу корез ва дигар шароити лозима фароҳам мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь