Дар ҳудуди вилояти Хатлон чор бозори ғайрирасмии мардикорон амал мекунад. Ин бозорҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Панҷу Фархоранд. Дар ин бора  зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода иттилоъ дод.

Ҳамчунин, ӯ гуфт барои таъмини корталабҳо бо ҷойи кори доимӣ ҳама тадбирҳо андешида шуда, то имрӯз аз бозори мардикорзанони шаҳри Бохтар беш аз 20 нафар зану марди корҷӯ ба касбомузӣ фаро гирифта шуданд.

Ин шахси масъул гуфт, барои таъмини занону мардони корҷӯ дар ин бозорҳо ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод мегузаронанд, аммо корҷӯён намехоҳанд ба касбомузи ҷалб шаванд, ё бо 400, 800 сомонӣ маош кор кунанд.

– Мақсади ягонаи корҷуён ҳар руз ба даст овардани маблағ аст, – илова кард Ф. Қобилҷон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь