Дар бораи иҷроиши қисми даромади буҷети вилоят, бақияи қарзи андоз ва дигар масъалаҳои вобаста ба андоз хостем бо масъулони Раёсати андози вилояти Хатлон сӯҳбат кунем, аммо натавонистем масъулонро пайдо кунему ба саволҳои худ посух гирем.

Ба ниҳоди мазкур, мутаассифона, се маротиба рафтем, вале роҳбараш дар ҷойи кор набуду дигар масъулон бе иҷозати ӯ сӯҳбат кардан нахостанд.

Имрӯз, 26 октябр, маротибаи чорум боз барои сӯҳбат ба назди масъулони ниҳоди мазкур омадем, аммо навбатдори Раёсати андоз гуфт роҳбар маҷлис дораду то нисфирӯзӣ касеро қабул намекунад. Хуллас, ду соат дар берун интизор шудем, аммо маҷлис низ ба охир расиду касе аз масъулони ин ниҳод ба мо сӯҳбат кардан нахостанд. Нигаҳбон ба ёвари раис занг зад, аммо гуфтанд, раис нест. Ин дар ҳолест, ки яке аз сардорони шуъбаи Раёсати мазкур  панҷ дақиқа пештар ба мо  гуфт,  раис дар утоқаш ҳаст ва шояд шуморо қабул кунад.

Агар ёвари сардорро бовар кунем, пас раис бо кадом роҳ баромада рафт, касе намедонад. Чаро масъулони Раёсати андози вилояти Хатлон аз намояндагони ВАО ҳазар мекунанд?  Ё моддаи 23 Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, ки дар он дарҷ гардидааст: “Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд” ба роҳбарияти Раёсати андози вилояти Хатлон дахл надошта бошад?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь