Дар ноҳия Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон барои 550-600 оилаи  паноҳҷуёни Афғонистон хайма омода мекунанд.

Як манбаъ аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дар деҳаи Саноати ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ беш аз 60 хайма барои 550-600 оилаи паноҳҷуёни Афғонистон дар ҳолати омода шудан аст.

Иттилоъ дода шуд, ки тамоми шароитҳо дар хаймаҳо барои паноҳҷуёни Афғонистон дар  ноҳияи мазкур  муҳайё карда мешавад.  Ҳоло сохтмони ҷойи хурокпазӣ, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом ва ҳоҷатхона идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь