Дар се моҳи соли 2023-юм дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 52 корхона ва коргоҳи саноатӣ сохта  ба истифода дода  шуд, ки баъди он садҳо нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардиданд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ афзоиш ёфта, сатҳи бекорӣ дар вилоят кам гардидааст.

Гуфта шуд, дар се моҳи соли ҷорӣ бахши саноати вилоят, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар се моҳи соли равон ба маблағи 2,4 милиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда,  дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 ҳаҷми истеҳсолро ба маблағи 231,7 млн. сомонӣ зиёд карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here