Зимни корҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди ёдгории Ҳалқаҷар, воқеъ дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, аз ҷониби бостоншиносони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як кашфи муҳими илмӣ ба қайд гирифта шуд.Ин гӯшвораи тилоӣ аст, ки мувофиқи маълумоти муқаддамотӣ ба давраи давлатдории Кӯшониён мансуб мебошад.
Ин осори гаронбаҳо дар раванди ҳафриёти таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ, ки аз 20 майи соли 2025 оғоз гардида буданд, кашф гардидааст. Гӯшвора бо маҳорати баланди заргарӣ ва сатҳи баланди ҳунари бадеӣ фарқ мекунад, ки ин далели рушду такомули анъанаҳои ҳунармандии аҷдодони мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.
Ин кашфиёт дорои аҳамияти арзишманди бостоншиносӣ ва фарҳангӣ буда, имкониятҳои навро барои омӯзиши тарзи зиндагонӣ ва мақоми иҷтимоии сокинони он замон равшан мекунад.
Айни замон, мутахассисони Осорхонаи миллӣ таҳқиқоти илмии худро дар бораи муайянсозии санаи дақиқи бозёфт, таҳлили таркиби металл ва усулҳои технологии истеҳсоли он идома медиҳанд. Дар марҳилаи баъдӣ, гӯшвораи мазкур барои таҳқиқу омӯзиш ба фонди Осорхона супурда шуда, дар гӯшаи “Дастовардҳои бостоншиносони Осорхонаи миллӣ” ба намоиш гузошта хоҳад шуд.