Бонкҳои вилояти Хатлони соли 2022-юм 2 миллиард сомонӣ ба муштариён қарз додаанд, ки ин рақам нисбат ба соли гузашта 331,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Фирдавс Самадов, мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз маблағҳои додашуда 32,3 дарсад ба соҳаи кишоварзӣ, 10 дарсад ба савдои хориҷӣ, 8,6 дарсад ба хидматрасонӣ, 6,6% ба соҳаи саноат ва боқӣ ба соҳаҳои нақлиёт, хӯроки ҷамъиятӣ, истеъмолот рост меояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари ин соли 2022-юм 1,2 млрд сомонӣ қарзҳои додашуда ба соҳибкорон равона карда шудаанд, ки аз ин 876,9 млн ба соҳибкорони истеҳсолӣ талллуқ дорад.
Блоки рекламавӣ