Дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 9 ҳазору 368 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин карда шуданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 206 нафар зиёд мебошад.
Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода зимни суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки ба Раёсат ва ва шӯъбаву бахшҳои он дар 5 моҳи соли ҷорӣ 17 ҳазору 342 нафар бекор муроҷиат карданд.
– Аз ин шумора 14 ҳазору 441 нафар ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 6 ҳазору 922 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, – гуфт ӯ ва афзуд, ки аз шумораи шахсони муроҷиаткунанда 9 ҳазору 368 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин дар ин давра дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят 179 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда шудаст, ки тариқи ин ярмаркаҳо 2 ҳазору 298 нафар ба кор роҳхат гирифта, каме бештар аз 2 ҳазорашон бо ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуданд.
Қобилҷон Файзализода афзуд, ки ба ҷуз ин, боз 3 ҳазору 72 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд, ки аз онҳо 2 ҳазору 267 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.