Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳоло 92 модари аз 100 то 120-сола умр ба сар мебаранд, ки куҳансолтарини онҳо 120-сола буда, зодаи ноҳияи Ховалинг аст. Дар арафаи “Рӯзи модар” масъулони ҳукуматҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳо ба дидорбинии онҳо рафта, аз ҳолу рӯзгорашон хабардор мешаванд.
Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи вилояти Хатлон Қобил Файзализода ба “Фараж” иттилоъ дод, ки аз 92 модари аз 100 то 120-сола 14 нафарашон дар ноҳияи Ёвон, 11 нафар дар ноҳияи Вахш, 7-нафарӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Кӯшониён, 6-нафарӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ, 5-нафарӣ дар шаҳри Кӯлоб, Ховалинг ва Қубодиён, 4-нафарӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Хуросон ва Темурмалик, 3 нафар дар ноҳияи Дӯстӣ, 2-нафарӣ дар ноҳияҳои Шаҳритус, Панҷ, Балҷувон ва 1-нафарӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҳамадонӣ ва Фархор мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки нафақаи зани калонсолтарини вилоят Тураева Басимо, ки аз ноҳияи Ховалинг мебошад, 496 сомониро ташкил медиҳад.