Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Рӯзи омӯзорон ва Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода ва дигар масъулон баргузор гашта, дар ин рӯз 73 омӯзгор ва дигар кормандони соҳаи маориф қадрдонӣ шуданд.
Дар қисмати аввали чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва дигар ҳамроҳонаш аз намоиши маҳсули дастранҷ ва дастовардҳои кормандони соҳаи маориф дидан карда, бо ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз наздик суҳбат карданд.
Дар театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва дигар иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва забони давлатӣ шодбош гуфта, дар хусуси гиромидошти забони давлатӣ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа, дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан кард.
Дар ин рӯз омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф бо мукофотҳо, аз ҷумла, 10 нафар бо сипосномаи раиси вилояти Хатлон; 16 нафар бо нишони “Аълочии маориф ва илми ҶТ”; 12 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф; 15 нафар бо “Ифтихорнома”-и ҲХДТ; 10 нафар бо “Ифтихорнома”-и Раёсати маориф; 10 нафар бо “Ифтихорнома”-и Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Хатлон қадрдонӣ шуданд.