Соли гузашта аз ҷониби мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  423 шахси мутасаддӣ  барои саривақт пешниҳод накардани ҳисоботи оморӣ ва омори бардурӯғ  ба маблағи  наздики 195  ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Дар ин бора  Ҳакимзода Қурбон роҳбари Сарраёсати Агентии омори вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки шумораи афроде, ки  омори хато ва  ё дер пешниҳод кардаанд, нисбати соли 2023-юм  80 нафар зиёд ва  ба маблағи ҷарима  48 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Қайд гардид, ки аз 423 шахси  мутасаддӣ , ки барои сари вақт пешниҳод накардани омор  ва хато пешниҳод кардани ҳисоботи бардурӯғ ҷарима шудаанд, миёнашон 24  роҳбари корхона, 126  роҳбари хоҷагии деҳқонӣ, 23 роҳбари кооперативҳои тиҷоратӣ, 6 раиси ҷамоат ва 234 сармуҳосибу муҳосиб ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь