Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷонибти кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон 1 тонаву 624,9 кг маводҳои доруворӣ, ки муҳлати истифодабариашон гузаштааст, безарар гардонида шудаанд,-дар ин бора зимни нишасти хабарии ниҳоди мазкур иттилоъ дода шуд.

Қайд гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ниҳоди мазкур 175 санҷишҳо гузаронида шуда, 76 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муссисаҳои фармасефтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ тартиб дода, ба маблағи умуми 188940 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки нисбати муассисаҳои тандрустии давлатӣ дар ин давра барои риоя накрадани моддаи 49 “Уҳдадориҳои касбии кормнадони тиббӣ ва фармасефтӣ”-и  Кодекси тандурстии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 17 нафар бо моддаи 110 “Риоя накардни қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ”-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷ.Т. пратаколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме дар ҳаҷми 10-20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 720 то 1440 сомонӣ, дар умум 22 ҳазору 980 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь