Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо харҷи 19 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят Бемористони маризиҳои дил бо 40 кат ва маркази эндокринологии вилоятӣ сохта мешавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо лоиҳаи бунёди бинои он шинос гардид. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки ин ташаббус бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар роҳандозӣ мегардад. Беморхонаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо маблағи 19 миллион сомонӣ дар шафати Маркази бемориҳои чашми вилояти Хатлон бунёд гардида, дар рӯзҳои таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор меёбад.
Зимни муаррифӣ иброз гардид, ки дар шаҳри Бохтар бунёди чунин беморхона зарурӣ аст, зеро аҳолии минтақа ба он ниёз доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави беморхона аз 4 ошёна иборат буда, дар заминаи бинои ҳозираи он, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, бунёд мегардад.
Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ бинои нав бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз карда мешавад. Тибқи иттилоъ дар ошёнаи дуюми бино маркази бемориҳои дил таъсис ёфта, бо 40 кати хоб муҷаҳҳаз мегардад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин ва роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки сифати корҳои сохтмонӣ дар биноро мунтазам назорат намуда, барои коргарону сохтмончиён низ шароити хуби корӣ фароҳам оваранд.