Дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби корманадони Кумитаи идораи замини вилоят 20 қарори раисон бекор карда шудаст, ки аз онҳо 18 ададаш ба  раисони шаҳру ноҳияҳо тааллуқ дорад.

Муовини раиси  Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Далер Турамуродзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки аз ин 3 қарораш аз раиси ноҳияи Ҷайҳун, 4 қарори раиси ноҳияи Восеъ, 2 қарори раиси ноҳияи Балҷувон, як қарорӣ аз раисони ноҳияҳои Хуросон, Ҷомӣ ва  Норак мебошанд.

Ӯ афзуд, ки 1 қарори раиси ҷамоат дар ноҳияи Восеъа ва як қарори дигар дар ноҳияи Балҷувон, ки ба раиси хоҷагӣ дахл дошт, бекор карда шудаанд.

– Бештар қарориҳое бекор шуданд, ки ғайриқонунӣ қабул гардида буданд, ё қитъаҳои заминро ба сокинон ғайриқонунӣ дода буданд, – гуфт манбаъ .

Ин шахси масъул қайд кард, ки масоҳати заминҳое, ки ғайриқонунӣ қарор қабул шуда буданд, 359,54 гектар мебошад, ки аз онҳо 321, 73 гектараш кишоварзӣ, 3,31 гектари дигараш дигар намуд заминҳо мебошанд, ки аз он 289 га бартараф карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь