Дар кохи фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври вилоятии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ” бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва аъзои ҳайати ҳакамон, аҳли зиё ва ширкаткунандагон оғоз ёфт.

Фирӯза Шарифӣ зимни ироаи сухани ифтитоҳии худ ба ҳамаи довталабон барору пирӯзӣ хоста, қайд кард, ки барои қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмун бо қарори раиси вилоят 246 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки даври шаҳрӣ – ноҳиявии озмуни мазкур дар 25 шаҳру навоҳии вилоят то моҳи октябри соли ҷорӣ бо доираи васеи ширкаткунандагон баргузор гардид, ки аз рӯйи номинатсияҳо ғолибон ба даври вилоятӣ рохат гирифтанд.

Дар сатҳи вилоятии озмун барои баҳогузории донишу маҳорати ширкаткунандагон ҳайати ҳакамон аз ҳисоби донишмандон, шоирону нависандагон ва ширкаткунандагони солҳои қаблии озмун таъсис дода шудааст.

Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар шаҳри Бохтар рӯзҳои 17-21 октябр ва дар шаҳри Кӯлоб 24-27 октябр доир мешавад.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here