Дар вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 398 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхондӣ гирифта шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 нафар зиёд аст.

Сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти  Хатлон Зинатгул Сафарзода гуфт, ки фарзандхондӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар 39 нафар, Хуросон 34 нафар, Қубодиён 32 нафар, Ҷомӣ 35 нафар,  Вахш 24 нафар, Ҳамадонӣ  22 нафар ва Дӯстӣ 17 нафар  ба қайд гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аксар кӯдакони ба фарзандхондӣ гирифташуда аз хона-интернат мебошанд ва он оилаҳое кӯдаконро ба фарзандхондӣ мегиранд, ки солҳои тӯлонӣ зиндагии якҷо доштанд, аммо соҳиби фарзанд нашуданд ва ба ин васила мехоҳанд эҳсоси бефарзандии худро бартараф кунанд.

– Ҳамчунин аз ҷониби оилаҳои доро кӯдакон ба фарзандхондӣ гирифта мешаванд, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь