Аз ҷониби прокуророни вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 286 қарору амри ғайриқрнунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз ва пешниҳод оварда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30 адад зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Прокуратураи вилоят Хатлон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки аз шумораи умумии 286 қарору амри эътирозшуда, 242 адад, ё ин ки 84,6 дарсад, вобаста ба замин буда, 113 қарор, ё ин ки 46,6 дарсади қарору амри ғайриқонунии қабулгашта  нисбати қарорҳои раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Дар нишаст гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Прокуратураи вилояти Хатлон дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 4030 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, баҳри бартарафсозии онҳо 1612 санади прокурорӣ бароварда шудааст.

Қайд гардид, ки бо натиҷаи баррасии онҳо 2077 нафар ба ҷавобгариҳои моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 360 парвандаи ҷоноятӣ оғоз ва 32,78 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь