Соли 2021-ум дар вилояти Хатлон ба 1 ҳазору 310 саг шиноснома дода шудааст, ки ин нисбати соли 2020 зиёд мебошад.

Равшан  Қувандиқов

Равшан  Қувандиқов, як корманди Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки сол то сол шумораи додани шиноснома ба сагҳо зиёд шудааст.

Қайд гардид, ки нархи як шиноснома барои сагҳо 6 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

– Гирифтани шиноснома барои сагҳо хуб аст, зеро вақте сокинон аз онҳо осеб мебинад, маълум аст, ки ин сагҳо ягон беморӣ надоранд, – илова кард манбаъ

Маълум шуд, ки сагҳо низ мисли одамон шиносномаи дохилӣ ва хориҷӣ доштаанд, ки аввалӣ барои дохили кишвар ва дуюмӣ барои сафар ба хориҷ будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь