Ба шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон барои кашонидани партовҳо аа тозаву озода нигоҳ доштани кучаву хиёбонҳо 13 электромотороллер туҳфа карда шуд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шерализода Баҳодур зимни супоридани онҳо гуфт, иқдоми мазкур ҷиҳати саривақт тоза намудани партовгоҳҳои муваққатӣ аз партовҳо, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳои аҳолинишин ва пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳои сироятӣ амалӣ гаридидааст.

Қайд гардид, ки ин тадбир ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ободонию солимгардонии мамлакат тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2023 баён доштанд, 10 июли  соли 2024 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 13 адад электромотороллер тақдим карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь