Дар машварати августӣ раиси вилояти Хатлон беш аз 100 корманди соҳаи маорифро наздики 500 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ ва ба 31 омӯзгори ҷавон шаҳодатномаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақдим кард.
Аз МИҲД- и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дастгирӣ, ҳавасмандсозӣ ва қадршиносии беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли илму зиёи вилоят таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, ҳамасола ин қишри ҷомеаро, ки қувваи бузурги зеҳнию ақлонии вилоят мебошанд, дар мадди аввал гузошта, ба мукофотҳои давлатию соҳавӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ пешбарӣ мекунад.
Дар Машварати августии омӯзгорон ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф – “Омӯзгори ифтихории Хатлон” ба як қатор омӯзгорон, “Соҳибватан” ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ супорида шуд.
Гуфта шуд, ки ба ҳамин монанд, ба хатмкунандагон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хатми мактаб бо аттестати универсалӣ ва равиявии аъло (медали тило ва нуқра) мувофиқан дар ҳаҷми 10 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст, ки 26 шогирд ва роҳбари муассисаҳои таълимии вилоят соҳиби ин ҷоиза шудаанд. Дар маҷмуъ, беш аз 100 кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон, собиқадорон, падару модарон ва хонандагон бо мукофоти пулии раиси вилояти қадрдонӣ карда шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ғайр аз ин, раиси вилоят ба 31 омӯзгори ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилоят шаҳодатномаҳои замини наздиҳавлигӣ тақдим кард.
Дар охир, тибқи хулосабарории ҳайати тадорукот “Парчами сайёри ғолиб” насиби ноҳияи Данғара гардид ва дар ҳаҷми 20000 сомонӣ мукофотонида шуд.