Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба Раёсати  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  32 ҳазору 385 нафар шахси корҷӯ муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 27 ҳазору 994 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 14 ҳазору 785 нафар мақоми бекор дода шудаст, ки аз онҳо  7 ҳазору 405 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Қобилҷон Файзализода

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода дар суҳбат ба хабанигори “Фараж” гуфт, ки дар ин давра ҳамчунин 19 ҳазору 463 нафар ба ҷойҳои кори доимӣ, мувақатӣ ва мавсимӣ таъмин карда шудаанд.

– Дар ин баробар 1 ҳазору 537 каси дигар ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шудаанд, ки дар байни онҳо 721 нафар зан мебошанд, – илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи  маълумоти пешниҳодкардаи ташкилоту идораҳо айни замон 2 ҳазору 506 ҷойи кории холӣ дар вилоят мавҷуд аст ва онҳое, ки хоҳиши кор кардан дорнад, метавонанд ба Раёсати  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат карда, соҳиби ҷойи кор шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь