Рӯзи 3 апрели соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар баргузор гашт.

Дар чорабинӣ ҳазорҳо ҷавони бо нангу ори 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон барои ҳимояи марзу буми кишвар саф кашиданд .

Қабл аз ҳамоиш дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими кулчагазон сурат гирифта, модарон ба фарзандони наваскари худ дуои нек доданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ қайд намуд, имрӯз ҷавонони бо нангу номуси Ватан барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Модар–Ватан бо ҳам омаданд ва баҳри содиқона хизмат намудан камари ҳиммат бастаанд.

Раиси вилоят аз масъулиятшиносӣ ва ташаббуси ватанпарастона, ҳуввияти баланди миллӣ, матонату ҷавонмардии онҳо ситоиш карда, ба волидайнашон миннатдории хешро баён намуд.

Мавриди зикр аст, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда 1000 нафар даъватшаванда ҳар сол ба курсҳои ронандагӣ ва ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мешуданд. Тайи ду соли охир шумораи ҷавонони синни даъватие, ки ба курсҳои ронандагӣ ҷалб мешаванд, ба 1500 нафар расидааст.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини ноҳияҳое, ки нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзҳои аввал ба анҷом расонидаанд, изҳори сипос намуд.

Дар баробари ин, бо истинод ба таҳлилҳои анҷомёфта қайд кард, ки дар мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аз беэътиноии волидайн, ба таври зарурӣ корбарӣ накардани масъулини соҳа, мувофиқи матлаб баргузор накардани чорабиниҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон иҷрои нақшаи маъракаи даъват кашол ёфта буд. Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки корҳои оммафаҳмонӣ ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва варзиширо дар байни аҳолӣ бо ҷалби масъулини соҳаҳои дахлдор ҷоннок намуда, сари вақт иҷрои нақшаи пешбинишударо таъмин намоянд.

Дар интиҳо ба ҳазор нафар даъватшаванда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь