Бо сабабҳои гуногун аз авали соли ҷорӣ то 8-уми май 17 сокини вилояти Хатлон дар кӯлу дарёҳо ғарқ шудаанд, ки 10 нафари онҳо ноболиғанд.

Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиааи гражданӣ дар вилояти Хатлон Бахтиёр Раҳмонзода ба “Фараж” иттилоъ дод, ки ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Муъминобод якнафарӣ, ноҳияи Ҷомӣ ду нафар ва ноҳияи Ёвон 9 нафарро ташкил медиҳад.

Ба иттилои ӯ аз 17 ҳолати ғарқшавӣ 7 нафарашон то 10-сола, 3 нафарашон аз 10 то 18-сола, 5 нафарашон аз 18 то 45-сола ва 2 нафари дигарашон аз 45-сола боло мебошанд.

Сабабҳои ғарқшавӣ аз идораи воситаи нақлиёт набаромадан 8 нафар, ҳангоми чидани гиёҳҳои кӯҳӣ дар дохили дарё 1 нафар, бе масъулиятии падару модарон 4 нафар, нӯшидани нушокиҳои спиртӣ 1 нафар, ҳангоми обозӣ як нафар, ҳангоми чаронидани чорво 1 нафар ва ҳангоми моҳигирӣ як нафар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, 4 ғарқшуда ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь