Кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли 2022-ум 357 нафар  шахсони масъул ва мутасаддиёни  ташкилоту идораҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро ҷарима кардаанд.

Гуфт шуд, ки ин масъулин барои додани омори хато ва сари вақт пешниҳод накардани омор ба маблағи 145 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Дар ин бора Қурбон Ҳакимзода, роҳбари омори вилоят, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Номбурда афзуд, ки дар соли 2021-ум барои чунин омор 308 нафарро ба маблағи  18 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаст.

Мутаассифона, Ҳакимзода  Қурбон аниқ нагуфт, кадом масъулини шаҳру ноҳияҳо барои омори хато ва таъхири омор ҷарима шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here