Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1493 қонуншиканӣ дар майдони 531,9 гектар ошкор карда шуда, қонуншиканҳо ба маблағи 582 ҳазору 107 сомонӣ ҷарима шуданд.
Аз Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки барои дар маҳал бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 1493 дастур, 1329 санаду қарори ҷаримабандӣ дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, ба маблағи 775 ҳазору 699 сомонӣ ҷарима баста шуда, ба суратҳисоби махсуси Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 582 ҳазору 107 сомонӣ ворид шудааст. Ҳамзамон дар маҳал 164 ҳолати вайронкунии қонуншиканиҳои вобаста ба замин пешгирӣ ва бартараф гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар ин давра 193 мавод барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шудааст. Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоршуда чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар маҳал 1173 адад қонунвайронкунӣ ошкоруда дар майдони умумии 368,62 гектар бартараф карда шудааст, гуфтаанд аз ниҳоди мазкур.
Қайд карда шуд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 169 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ошкор гардида, дар маҳал 118 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин дар майдони умумии 9,22 гектар бартараф ва ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз тарафи идораҳои замини шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 9 қарори қабулшудаи раисони шаҳру ноҳияҳои барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуда, аз он 4 қарори ғайриқонунӣ ошкор гардида дар майдони умумии 0,18 гектар бартараф карда шудааст.