Масуълони Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон барои тоза кардани се ағбаи ин минтақа   20 техника ва садҳо кормандонро сафарбар карда, ҳоло пурра ҳаракати нақлиёт дар  онҳо ин қисмати роҳҳо таъмин аст.

Аз Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба “Фараж”  хабар доданд, ки  дар ин минтақа се ағба, яъне ағбаи “Фахробод”, “Султунобод”  ва “Леваканд” мавҷуданд, ки онҳо сари вақт аз барф тоза карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст.

Ба иттилои масъулони ин ниҳод барои тоза кардани ағбаҳо аз барф аз нисфирузии 10 янар 7 техника ба ағбаи  “Фахробод” дар ноҳияи Хуросон, 8 техника ба ағбаи “Султонобод” дар ноҳияи Ёвон ва 5 техника ба ағбаи “Леваканд” сафарбар карда шуда, шабонарӯз дар кор ҳастанд.

Ҳамчунин, ҳамаи кормандони муассиса барои пошидани маводи зиди лағжиш дар ин ағбаҳо сафарбар шуда, онҳо бо ғизо, ҷойи хоб ва  сару либоси зимистона таъминанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here