Кишоварзони вилояти Хатлон, аз ҷумла деҳқонони ноҳияи Дӯстӣ, ба ҷамъоварии ҳосили тарбуз оғоз карда, онро бо нархи аз 10-15 сомонӣ аз сари замин ба фурӯш гузоштаанд.

Ба иттилои Шамсиддин Эшбеков, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, имсол кишоварзони ноҳия дар майдони беш аз 900 гектари заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ноҳия, тарбузу харбуза ва ҳандалак кишт карда, ҷамъоварии он оғоз ва ба бозорҳои кишвар бароварда шудааст.

Айни замон нархи як дона тарбуз дар бозорҳои вилоят аз 20 то 40 сомонӣ ва як дона ҳандалак аз 7 то 20 сомонӣ арзиш дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь