Дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Хатлон бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов баргузор гардид.

Раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки имсол дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои намояндаи вилояти Хатлон “Равшан”-и Кӯлоб, “Хатлон”-и Бохтар ва

“Файзканд”-и ноҳияи Восеъ иштирок ва натиҷаҳои хубро нишон додаанд. Махсусан, иштироки натиҷаовари футболбозони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар мақоми дувуми ҷадвали мусобиқоти имсола қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор низ пеш аз муҳлат қаҳрамони Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум дар соли 2022 гардида, сазовори медали тилои Чемпионат шуд ва ба Лигаи олӣ дар соли 2023 роҳҳат гирифт.

Дар соли 2022 Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм бо иштироки 13 даста дар сатҳи омодагии хуб баргузор гардиданд. Футболбозони дастаи “Шоҳин”-и ноҳияи Муъминобод дар лигаи дуюми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои вилояти Хатлон сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Дар ин давра Федератсияи футболи вилояти Хатлон ба рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон ва бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ин дастаҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд ва ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here