Аз 288 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббие, ки дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ба қайд гардифта шудааст,  40 ададаш таъмирталаб ва 48 ададаш корношоям мебошанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки нақлиётҳои ёрии таъҷилии корношоям аз солҳои пеш мавҷуд буда, дигар онҳоро таъмир карда намешавад. 40 нақлиёти дигар, ки таъмирталаб мебошанд, марҳила ба марҳила таъмир карда мешаванд, – гуфтанд дар нишаст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дасгирии Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба вилояти Хатлон дар як солу шаш моҳ беш 20  нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дода шудааст.

Шумораи марказ ва шуъбаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ 27 адад, аз ҷумла Марказҳои ёрии таъҷилии тиббӣ 2 адад  ва шуъбаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ 25 ададро ташкил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь