Дар вилояти Хатлон дар  шаш моҳи соли 2022 бар асари ҳолатҳои фавқулодаи дорои  хусусияти табиӣ ва техногенӣ 61 нафар ҷон бохта, 231 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бародоштаанд.

Сардори Раёсати ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиааи граждании вилояти Хатлон Ҷамшед Маҳмадзода итилоъ дод, ки дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  265 ҳолати фавқулодаи дорои хусисиятҳои табиидошта ва техногенӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки маблағи зарари он беш аз 13 миллиону 847 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ӯ гуфт, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 61 нафар ба ҳалокат расида, 231 нафари даигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

– Дар нимсолаи авали соли 2021 дар вилояти Хатлон 289 ҳолати фавқулодаи хусусияти табиидошта ва техногенӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷа 75 нафар ба ҳалокат расида,  177 нафари дигар ҷароҳат бародшта буданд, – қайд кард мавсуф ва гуфт, ки зарари ин офтаҳо  дар шаш моҳи соли 2021 зиёда  91 милиону 861 ҳазор сомониро ташкил медод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here