57 марказу бунгоҳи тиббии вилояти Хатлон дар ҷойҳои номувофиқанд, ки аз онҳо то охири соли 2021-ум 18 адад босозӣ ва аз вагону хона, мактабу биноҳои ғайр бароварда хоҳанд шуд.

Қурбоналӣ Негматов, як масъули  Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ҳоло дар вилояти Хатлон 23 иншооти соҳаи тандурустӣ дар хона, 4 адад дар вагон,  22 адад дар мактаб, 3 адад дар ҳолати садамавӣ ва  8 адад дар биноҳои ғайр фаъолият доранд.

Ӯ афзуд, ки бояд то охири соли ҷорӣ  4 адад аз хона, 2 адад аз вагон, 8 адад аз мактабҳо ва се адад аз биноҳои ғайр бароварда шуда,  як адади дигар таъмир карда шавад.

– Дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 54 иншоот дар соҳаи тандурстӣ сохта ба истифода дода шудааст, – илова кард Қурбоналӣ Негматов ва афзуд, ки аз иншооти мазкур 3 беморхона,  42 бунгоҳи тиббӣ, 4 маркази саломатӣ,  се колеҷи хусусӣ ва 2 ташхисгоҳ мебошанд.

Масъулони Раёсати тандурустии вилояти Хатлон талош доранд, марҳила ба марҳила ҳама иншооти соҳаи тандурустиро ба талаботи рӯз ҷавобгӯ ва сатҳу сифати хизматрасонӣ барои аҳолиро беҳтар кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь