Аз вилояти Хатлон тайи чанд рӯзи охир 450 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон содирот гардид.

Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят оғоз гардидааст. Гуфта шуд, ки рӯзи 13 май тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ, карам, лаблабу ва зардолу  дар асоси талаботи бозори берунӣ ва стандартҳои сифатӣ омода ва бастабандӣ шуда ба хориҷи кишвар содирот карда шуд.

Ба иттилоъи манбаъ  соли 2025 дар масоҳати 9400 гектар пиёзи барвақтӣ кишт гардида, барзгарони вилоят ният доранд аз ҳар гектар то 400 сентнер ҳосил ба даст оранд. Дар ҳамин замина, як моҳ аст, ки ҷамъоварии ҳосил оғоз ёфта, ҳаҷми содирот рӯз ба рӯз меафзояд.

Мақомоти вилоят нақша доранд дар моҳҳои наздик содироти маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои нав, аз ҷумла ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ низ васеъ намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки чанд рӯз беш аз 200 тонна маҳсулоти кишоварзии вилоят ба кишварҳои болозикр содирот шуда буд.  Ин марҳилаи дуюми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои хориҷ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь