Давоми 10 моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 422 нафар аз газидани саг осеб дида, 2 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар ин миён кудакону наврасон бештаранд.
Назарзода Ҳасан Насрулло, мудири шуъбаи осебшиносӣ ва ортопедии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯри Воҳидов, иттилоъ дод, ки давоми соли ҷорӣ бо осеб аз газидани саг 422 нафар ба онҳо муроҷиат карда, сари вақт ба табобат фаро гирифта шудаанд ва бе ягон оқибатҳои хатарзо шифо ёфтаанд. Дар ин миён ду нафар сокини ноҳияҳои Кушониён ва Хуросон баъди осеб аз газидани саги бемор сари вақт ба табибон муроҷиат накарда, зимни хуруҷи бемории ҳорӣ муроҷиат кардаанд, ки мутаассифона ҳарду ҳам ба ҳалокат расиданд.
– Аксари осебдидагон сари вақт ба мо муроҷиат мекунанд, зеро онҳо медонанд, ки дар ин айём ҳар лаҳза ғанимат ва муҳим ҳисобида мешавад. Ҳангоми муроҷиати саривақтии онҳо мо имкон дорем, ки саги газандаро назорат намоем ва барои пешгирӣ аз бемории ҳорӣ ваксинаи лозимаро ба бемор гузаронем. Зимни газидани саги бемор агар инсон сари вақ ба табибон муроҷиат накунад дар байни ду-се рӯз ба бемории ҳорӣ гирифтор шуда, имкони шифоёбиро аз даст медиҳад ва ба ҳалокат мерасад, – иброз дошт Назарзода Ҳасан.
Мавлуда Гулова, Фараж