Нисбати 42 шаҳрванди хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҳисоби ин санадҳо 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Дар ин бора зимни  ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Аз аввали сол дар ҳудуди вилояти Хатлон  ба 71 шаҳрванди хориҷӣ иҷозатнома барои кор дода шуд. То ин рӯз дар вилоят 34 субъекти хоҷагидорӣ, ки иҷозаи ҷалби хориҷиҳоро доранд, ба қайд гирифта шуда, дар он 720 хориҷӣ кор мекунанд. Ногуфта намонад, ки дар ҳамин 34 ширкате, ки хориҷиён кор мекунанд, ҳамзамон 6 ҳазору 292 сокини маҳаллӣ низ кор мекунанд, гуфтанд дар ҷаласа.

Қайд гардид, ки вобаста ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвар, кормандони раёсат мунтазам санҷишҳо гузаронида, 44 ҳолати қоидаҳои вайрон кардани будубош дар Тоҷикистонро ошкор кардаанд, ки дар натиҷа нисбати 42 шаҳрванди хориҷӣ ва 2 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь