Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 33 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ аз фаъолият бозмонда, 731 нафар ҷойи корӣ худро аз даст додаанд.
Сардори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон иттилоъ дод, 33 корхона бештар аз ду сол аст, ки фаъолият намекунанд.
Номбурда илова кард, агар корхонаҳо ду сол фаъолият накарданд, корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ҳисоб карда мешаванд.
Ба гуфти манбаъ, соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 106 корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд шудаанд.
Блоки рекламавӣ