Соли 2022 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо 31 падар барои саривақт насупоридани маблағи алимент аз 1 то 2 сол зиндонӣ шуданд.

Исломиддин Холзода, мутахассиси Суди вилояти Хатлон, имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, соли 2022 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва суди вилоят нисбати 224 нафар барои саривақт пардохт накардани алимент тибқи модаи 174 парванда кушода шудааст.

– Аз ин парвандаҳо нисбати 100 нафар корҳои ҳатмӣ, 76 нафари дигар корҳои ислоҳӣ, 15 нафар ҷарима шуда ва 31 нафари дигар аз озоди ба мӯҳлати аз як то ду сол маҳрум карда шуданд, – иттилоъ дод номбурда.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь