Моҳи ноябр низ ба охир мерасад, аммо дар вилояти Хатлон баъзе аз ташкилоту муассисаҳо то ҳол музди меҳнати моҳи октябрро нагирифтаанд. Ин қарзҳо бештар ба соҳаҳои моарифу тандрустӣ рост меоянд.

Мутахассиси  Шуъбаи банақшагирии Раёсати молияи ноҳияи Фархор Ҳофиз Юсупов, рӯзи 11 ноябри соли ҷорӣ, иттилоъ дода буд, ки дар ноҳия қарзи музди меҳнат 2 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин қарз аз моҳи октябри соли 2021 мебошад ва  бештар ба соҳаи моариф рост меояд.

Аммо муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бобоназар Давлатов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, дар ноҳияи Фархор қарзи музди меҳнат 1 миллиону 221 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ин шахси масъул илова кард, ки айни замон дар вилояти Хатлон қарзи музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз моҳи октябри соли ҷорӣ ба 3 миллиону 300 ҳазор баробар шудаст.

– Дар ноҳияи Фархор 1 миллиону 221 ҳазор сомонӣ, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ 778 ҳазор сомонӣ, Муъминобод 386 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Норак 1 миллиону 310 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, – афзуд ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки омили пайдо шудани қарз дар ин шаҳру ноҳия, қарзи аз Вазорати молияи кишвар гирифтаи шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Бояд аз Вазорати молияи кишвар  ба шаҳру ноҳияҳои вилоят имрӯз 25,5 миллион сомонӣ ворид шавад, агар ин маблағ дасраст шуд, қарзи музди меҳнат аз байн хоҳад рафт.

Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки агар маблағҳои субвенсии моҳи ноябр барои пардохти музди меҳнати моҳи октябр сарф шавад, пас дар моҳи ноябр мушкили пардохти музди меҳнат пеш намеояд?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь