Дар таътили имсол аз муассисаҳои таълимию томактабии  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 191 ҳазору 290 кӯдак ба истироҳати тобистона ҷалб карда мешаванд. Аз ин шумора 6 ҳазору 180 кас ба лагер ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фиристода мешаванд.

Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки ҳамасола баъди соли хониш хонандагони муассисаҳои таълимию томактабӣ ба истироҳатгоҳои дохиливу беруназшаҳрӣ фаро гирифта мешаванд.

Гуфта шуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси вилояти Хатлон дар таътили имсола 191 ҳазору 290 кӯдак ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд. “Аз ин шумора 29200 нафар дар лагерҳои назди муассисаҳои томактабӣ, 6310 нафар дар муассисаҳои интернатӣ, 22300 нафар дар муассисаҳои таълимӣ, 17680 дар варзишӣ-беҳдоштӣ, 97560 дар фароғатӣӣ-меҳнатӣ, 12060 дар меҳнатӣ-истироҳатӣ ва 6180 нафар ба лагеру истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаро гирифта мешаванд”, – гуфтанд аз Раёсати мазкур.

Қайд гардид, ки фарогирии кӯдакон ба лагерҳо дар се марҳила анҷом дода мешавад, ки аз рӯзи 10 июни соли ҷорӣ кори лагерҳо дар назди муассисаҳои таълимию томактабӣ оғоз гардидааст. Баъди имтиҳонҳои хатм фиристодани кӯдакон ба лагерҳои буруназшаҳрӣ оғоз мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь