Дар нимсолаи авали соли 2019-ум дар вилояти Хатлон 18934 ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда таъсис дода шуд. Аз ҷумла аз ҳисоби шахсонӣ ҳуқуқӣ 4054 ҷойи корӣ ва аз ҳисоби шахсонӣ воқеӣ 14880 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон дар нишасти матбуотиаш хабар дод.

Раиси вилоят қайд кард,к и  дар шаш моҳи соли 2019-ум дар вилоят  172 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шудаанд, ки 61 дарсади нақшаи солонаро ташкил дода, аз ин ҳисоб 2122 нафар шаҳрванди бекор бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 4674 нафар шаҳрванд бо шуғл фаро гирифта шуданд.

– Дар вилоят барои фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ ба бекорон, таъсиси курсҳои тайёрӣ ва бозомӯзии касбҳои гуногун зиёда аз 4755 нафар шаҳрванди бекор ҷалб гардида, касб меомӯзанд, – илова кард раиси вилоят.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь