Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон айни замон сохтмони 17 муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла 11 кӯдакистони давлатӣ ва 5 муассисаи хусусӣ бо маром идома доранд.
Ҳотамзода Фарух, як масъули Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ба “Фараж” иттилоъ дод, ки дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва нақша чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 1 муассисаи томактабӣ, Ҳамадонӣ 1 адад, Қубодиён 2 адад, Данғара 3 адад, Темурмалик 4 адад дар умум 11 адад сохтмони муассисаи томактабии давлатӣ идома дорад.
Гуфта шуд, ки ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар 1 кӯдакистони хусусӣ , Шаҳритус 1 адад, Данғара 1 адад, Темурмалик 1 адад ва Муъминобод 1 адад, дар маҷмуъ 5 сохтмони муассисаи хусусии томактабӣ барои 1500 кӯдак, идома дорад.