Дар вилояти Хатлон дар се моҳи соли ҷорӣ аз мактабинтернат ва дигар ҷойҳо 155 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхондӣ гирифта шуданд, ки ин шумора нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22 нафар зиёд мебошад.
Аз Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба “Фараж” иттилоъ доданд, оилаҳое, ки кӯдаконро ба фарзандхондӣ гирифтаанд, солҳои зиёд бо ҳам зиндагии муштарак доранд, аммо фарзандор намешаванд. Барои барҳам нахўрдани оилаи худ аз хонаи ятмон ва хешу табори худ кӯдаконро ба фарзандӣ қабул карданд, ки ин омил боиси кам шудани ҷудошавии оилаҳо дар вилояти Хатлон гаштааст.
Блоки рекламавӣ