Дар моҳҳои сипаришудаи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон беш аз 122 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 74 кас ба ҳалокат расида, 134 кас ҷароҳат бардоштаанд.

Аз РБДА-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки 29-уми апрели соли 2025, тахминан соатҳои 14:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Айён» Холмуродов Нуралӣ Сафаралиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар болои роҳи пиёдагард дучархарон Маҳмалиев Илҳомиддин, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Хуросонро пахш кардааст. Дар натиҷа, дучархарон Маҳмалиев И. дар роҳи мошингузар афтида, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ашурализода Ҷамшед, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи мазкур ӯро пахш кардааст. Бар асари ин ҳодиса дучархарон Маҳмалиев И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Шуъбаи Бозрасии давлатии автомабилӣ дар вилояти Хатлон хабар дода гуфтааст, ки сабаби аксари садамаҳои нақлиётӣ ҳаракат бо суръати баланд ва муқобили самти ҳаракат баромандани ронандагон мебошад. Шуъба аз ронандагону пиёдагардон хоҳиш кардааст, ки аз эҳтиёт кор гирифта, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь